Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои соҳибистеъдодҳои ҷавон озмун эълон менамояд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, ихтироъкорӣ ва барномасозӣ барои соли 2017 озмун эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомон, бастакорон, режиссёрон, меъморон ва санъаткорон роҳандозӣ шудааст.
Дар озмун ҷавонони аз 14 то 30-солае, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, метавонанд иштирок намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 13 июни соли равон муайян шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: