Зарари заминҷунбӣ ва кумакҳо ба зарардидагони ноҳияи Рашт

Рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи  Рашт тақрибан соати 20:00 вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ бо қувваи 5 балл ба амал омад, ки дар натиҷа деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалони ноҳия зарар дида буд. Тибқи иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов дар ҷамоатҳои мазкур 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва 30 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. Айни замон сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст ва соҳибкорону сокинони ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр кумакҳои моддӣ расонида истодаанд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия аз ҳисоби кормандони ҳукумати ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситоди зудамалкунанда ташкил шудааст, ки ба кумакрасонии зарардидагон машғуланд. Ба зарардидаҳои ин офати табиӣ кумакҳои яквақта аз ҳисоби корхонаю ташкилоту муассисаҳои ноҳия расонида шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди саиди Фитр ва хурсандии кӯдакони онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: