Дар Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва Соли ҷавонон аз 20 то 28 феврали соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» дар ду давр доир гардид.

Даври ниҳоии озмуни «Маликаи Наврӯз»  10 марти соли 2017 дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷагирии озмун Шоҳҷоизаи «Маликаи Наврӯз» насиби Бунафша Маҳмадиева, сокини ноҳияи Данғара гардид. Ҳамчунин  иштирокчиёни шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд, Фархор, Вахш, Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Хуросон ва Ҷайҳун бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: