Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Япония бо намояндагони ширкатҳои «Sumitomo Corporation» ва «Toyota Motor Corporation»

toyota_logo.jpg7 марти соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони ширкатҳои японии «Sumitomo Corporation» ва «Toyota Motor Corporation» баргузор гардид. Ҳайати Ширкати «Sumitomo Corporation» таҳти роҳбарии Рюсуке Каясима, менеҷер оид ба фурӯш ва бозорёбии бахши автомобилӣ ва Ширкати «Toyota Motor Corporation» таҳти роҳбарии Тошиюки Накаҳара, менеҷери умумии лоиҳавии Департаменти фурӯш ва бозорёбӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобила, қабл аз ҳама дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори рушди ҳамкории шарикӣ миёни намояндагони бахши хусусии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Муҳокимаи ҳолати кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъмини рушди минбаъдаи ин самт низ сурат гирифт.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"