Муаррифии китобҳои профессори тоҷик дар Ҳиндустон

Китоби Замира Fаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи хушгў» ба нашр расид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, китоби Замира Fаффорова дар ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамоиши байналмилалии шарқшиносӣ ва мутолиоти эронӣ ва семинари байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки чанде қабл дар Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон бо иштироки Мирзошариф Ҷалолов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон, Ризо Ансорӣ Сафири Эрон дар Ҳиндустон, доктор Ҳаддоди Одил, Раиси Бунёди Саъдӣ, Алии Деҳгоҳӣ, ройзани Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳиндустон ва дигарон баргузор шуд, муаррифӣ гардид.
Дар шаҳри Деҳлӣ дар ройзании Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳиндустон шашумин давраи ҷоизаи Саъдии Шерозӣ баргузор гардид, ки дар он фаслномаи «Қанди порсӣ», ки шумораи №71-72-юми он таҳти унвони «Вежаномаи профессор Замира Fаффорова» ба нашр расид, муаррифӣ шуд.

 

Tags: