Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Президент,
Хоҳишмандам табрикоти маро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Бесаброна таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаамонро интизорам».