Ёрмуҳаммад Самадов 18-уми 1973 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Номбурда соли 1995 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардаааст. Ёрмуҳаммад фаъолияти кориашро аз соли 1991 чун муҳаррир дар Идораи барномаҳои ҷавонии радиои “Тоҷикистон” оғоз карда, аз соли 1993 тариқи Озмуни умумиҷумҳуриявии наттоқони “Телевизиони Тоҷикистон” чун наттоқ дар телевизиони мазкур корро оғоз кардааст. Номбурда аз соли 2007 инҷониб чун мудири шуъбаи “Наттоқон”-и “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дорад.
Ёрмуҳаммад Самадов бо ифтихорномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи ТВ ва радио ва медали Хизмати шоистаи ҶТ сарфароз гардидааст.