Кашфи 7 сайёраи ба Замин монанд

Ситорашиносони ИМА ва Белгия ҳафт сайёраи ба сайёраи Замин шабоҳат доштаро кашф кардаанд.
Дар ин бора роҳбари НАСА Томас Сурбухен хабар додааст.
Гуфта мешавад, онҳо дар атрофи ситораи танҳои Траппист-1 давр зада, мавҷуд будани ҳаёт  дар сайёраҳо аз эҳтимол дур нест .
Аз ҳафт сайёра сетои он дар ҳудуди зист қарор дошта, эҳтимол об дар болои онҳо ҷамъ мешавад.
Сайёраҳои навкашфшуда 39 соли равшанӣ аз сайёраи замин дур мебошанд.
Ба маълумоти олимони Белгия ин кашфиёт дар 14 соли охир дар таърихи НАСА бесобиқа аст.
Коршиносон иброз медоранд, ки тавассути таҷҳизоти махсус ҳатто вазни шаш сайёра ва миқдори вуҷуд доштани обро  муайян карданд.
Олимон иқдом гирифтанд, ки дар панҷ соли оянда мушаххасан  сайёраҳои навро омўзанд.
Барои ин коршиносон аз таҷҳизоти муосири Ҷеймс Уэбб, ки моҳи октябри соли оянда ба кайҳон интиқол дода мешавад, истифода мекунанд.

Tags: