Ба сокинони ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Анҷумани «Пайванд» ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ гуфт, ки барои дар амал татбиқ кардани Паёми Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳо кӯшишу заҳматҳои худро равона сохта, барои пешгирии омилҳои номатлуб байни сокинон бояд тадбирҳои зарурӣ андешем.
Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Субҳон Кошонов нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр кард, ки ҷавонон қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бояд талош намоем, то ҷавонон ба сӯи гумроҳӣ нараванд ва миллату Ватани худро дӯст доранд.
АМИТ «Ховар»