“Истиқлол” –у “Регар-ТадАЗ” ба бозиҳои нимфиналӣ роҳ ёфтанд

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баъди анҷ
оми даври дуюми гурӯҳи «Б» пеш аз муҳлат ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтаанд.

Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол» бар дастаи «Ашт» бо натиҷаи осмонии 14:1 ва «Регар-ТадАЗ» бар «Ҳулбук» бо ҳисоби 5:0 зафар ёфтанд.
Гуфта мешавад, муҳофизатгарони «Ашт» дар ин бозӣ пеши роҳи Дилшод Восиевро гирифта натавонистаанд ва ӯ бо шаш голи задааш гекса-трик кард. Ҷаҳонгир Эргашев бо се голаш хет-трик намуд ва Ромиш Ҷалилов бо Дмитрий Баркови рус ба дарвозаи ҳариф 2 голӣ заданд.
«Регар- ТадАз» ҳам дар бозӣ бо намояндаи Лигаи якум -«Ҳулбук» душвориеро ҳис накард. Голҳоро аз ин даста Евгений Хотимский, Давронҷон Тӯхтасунов, Азиз Мансуров, Ҳикматулло Расулов ва Шерзод Муҳаммадиев ба нишон расонидаанд.
Новобаста ба бозии охирини гурӯҳ, ки 18 феврал бо ширкати «Истиқлол»- «Регар-ТадАз» ва «Ашт» — «Ҳулбук» доир мегардад, тақдири роҳхат ба бозиҳои нимниҳоӣ ҳал гардид.
Имрӯз дар вохӯрии охирини гурӯҳи «А» дастаҳои «Равшан» бо «Хуҷанд» (12:30) ва «Ҳосилот» бо «Кӯктош» (15:00) барои ду роҳхат вориди майдон мешаванд. Дар сурати мусовӣ бозидани дастаҳои «Ҳосилот» ва «Кӯктош» иштирокчии бозиҳои Ҷоми КФО аз идома додани мусобиқа дар канор хоҳад монд.

Tags: