Таркиш дар Бағдод 18 куштаву 30 захмӣ ба ҷой гузошт

Дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод бар асари анҷом додани амали террористӣ 18 нафар ба ҳалокат расида, қариб 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Таркиш  дар кўчаи Ҳабибияи минтақаи Садр-Сити, ки дар қисми шимолии Бағдод ҷойгир аст, ба қайд гирифта шудааст.
Террористи худкуш нақлиёти бо моддаи тарканда муҷаҳҳазро дар кўчаи серодами  Ҳабибия таркондааст.
То кунун ягон нафар ва ё гуруҳ масъулияти амали террористиро бар ўҳда нагирифта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Tags: