Муҳокимаи лоиҳаи “Меҳнати арзанда” дар вазорат

Эмин Сангинзода, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврал бо ҳайати коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) мулоқот анҷом додааст.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳия ва роҳҳои татбиқи Барномаи миллии ҳифзи меҳнат ва лоиҳаи «Меҳнати арзанда»-ро муҳокима намуданд. Дар мулоқот коршиносони ТБМ Ролф Бюшел, Мокану Валентина ва дигарон ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 10 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва шиносоии Кумитаи миллӣ бо лоиҳаи техникии нави ТБМ «Мубориза бар зидди меҳнати кўдакон ва хариду фурўши одамон» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ҳамоиш таваҷҷуҳи хосса ба хулосаҳои лоиҳаи «Барномаи ҳифзи меҳнат» ва тавсияҳои зарурӣ ба он дода шавад. Дар асоси фикру назари коршиносон ва мутахассисони таҷрибадори соҳаи ҳифзи меҳнат ҷанбаҳои калидии кор дар ин самт муайян карда мешаванд.
Лоиҳаи Барномаи ҳифзи меҳнат бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ ва ТБМ барои давраи солҳои 2018-2020 омода мегардад.

Tags: