Нуридин Давронов ба “Истиқлол” баргашт

Футболбози маъруфи тоҷик ва капитани дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов, ки тобистони соли гузашта ба тими «Дунав»-и Булғория гузашта буд, аз нав ба ҳайати чемпиони мамлакат- «Истиқлол» пайваст.

Ба иттилои сомонаи КФ «Истиқлол» роҳбарияти «Истиқлол» ва КФ «Дунав» шартномаро ҷиҳати ба «Истиқлол» гузаштани Нуриддин Давронов ба таври иҷора то поёни моҳи июл ва эҳтимолан тамдиди он то анҷоми мавсими футболи соли 2017-и мамлакат ба имзо расонидаанд.

 «Ман шодам, ки боз худро дар иҳотаи ҳамдастаҳоям мебинам. Кӯшиш мекунам, то даста ба ҳадафҳои худ бирасад. Аз ҳама асосӣ-ин иштироки бобарор дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба ҳисоб меравад»,-гуфтааст Нуриддин Давронов.

Нуриддин Давронов аз беҳтарин бозингарони дастаи «Истиқлол» буд, ки соли гузашта бо ба имзо расонидани як шартнома ба КФ «Дунав»-и Булғория гузашт.

Tags: