Ҳиҷрати 11 ҳазор гуреза ба Аврупо дар як моҳ

Аз аввали соли равон то кунун 11 ҳазор нафар гурезагон вориди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо шудаанд.
Дар ин бора созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ин миқдор гурезагон аз якуми январ то панҷуми феврали соли равон вориди Аврупо шудаанд. Гуфта мешавад, айни ҳол ҳаштод фисади гурезагон дар Италия қарор доранд.
Ба гуфтаи созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират теъдоди муҳоҷироне, ки имсол вориди Аврупо шуданд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, зеро соли гузашта 75 ҳазор нафар гурезагон вориди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо гардида буданд.
Tags: