Дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои охир дар ВМКБ роҳи мошингард баста шудаву ду сокини ин вилоят ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои расонаҳо нафарони ҷонбохта сокинони ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон будаанд. Раиси ин ҷамоат Носир Суриев гуфтааст, ки як нафар ҳангоми аз боми хона фаромадан зери тарма монду дуюмӣ кӯдаки панҷсола мебошад, ки дар соҳили дарё бозӣ карда, зери пояш яхпора шикаста, даруни об рафтааст. Гуфта мешавад, ки қабати барф зимистони имсола дар ин водӣ то яку ним метр расидааст.
Ба иттилои расмӣ пас аз тоза кардани роҳҳо аз ҷониби масъулин имрӯз боз 15 тарма фаромадаву роҳро бастааст. Масъулин мегӯянд, ки ҳоло 50 километр роҳи мошингард ба самти шаҳри Хоруғ боз шуда, ҳанӯз наздик ба 70 километри он зери тарма ва барф қарор дорад.