Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва падару модарон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ доир ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ихтисосҳо, зарурати истифодаи сомонаи марказ ва кабинети инфиродии довталаб, озмуни тақсимоти довталабон маълумот дода, хонандагон ва падару модарон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Манбаъ: khovar.tj