Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Бараниро (бо қароргоҳаш дар ш.Остона) ба ҳузур пазируфт.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро бар асоси натиҷаҳои машваратҳои сиёсии дар Будапешт 28 ноябри соли гузашта барпогардида баланд арзёбӣ намуданд», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷӣ.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба натиҷаҳои Саммити оби Будапешт-2016, ки бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, табодули назар намуданд. Дар ин қарина, ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Маҷористон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»