Дар шаҳри Норак 15 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шудаанд. Дар шуъбаи «Амонатбонк»-и шаҳр барои ҳамаи онҳо суратҳисоб кушода шудааст. То 17 январи соли равон ба суратҳисобҳои мазкур 14 ҳазору 377 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
«Дар соли сипаригардида бо усули «Хона ба хона» дар маҷмӯъ дар сатҳи шаҳр бо зиёда аз 1018 оила корҳои инфиродӣ бурда шуда, ҳангоми мулоқот вобаста ба тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотии бонувону ҷавонон оид ба пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, пешгирии талоқ дар байни оилаҳои ҷавон ба роҳ монда шуд. Инчунин дар 12 моҳи соли 2016 дар шаҳр 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 18 ҷиноят кам мебошад»,-гуфт Раиси шаҳр.
АМИТ «Ховар»