Дар Тоҷикистон низоми электронии тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид ҷорӣ карда шуд

24 январи соли 2017 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид / раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» тасдиқ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шурӯъ аз 1 январи соли 2017 дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуд. Низоми нав бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҳти №405 аз 13 июни соли 2015 ва мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ роҳандозӣ карда шудааст. Низоми мазкур боз як иқдоми муҳим ҷиҳати ба роҳ андохтани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад.
Қоидаҳои аз ҷониби Ҳукумат тасдиқшуда ба васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди идоракунии электронии раводид ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар тамоми ҳудуди кишвар равона шудаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд ва барои рушди минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои давлатии қабулгардида рушди ин соҳа, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ таъмин карда мешавад. Сарвари давлат зикр намуданд, ки алҳол дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони беш аз 80 давлат низоми соддаи додани раводид ҷорӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандони ин давлатҳо метавонанд аз хона набаромада, тавассути шабакаи интернет бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.
Раводиди электронӣ — ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад. Барои додани раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда шудааст. Дар баробари ворид намудани низоми мазкур тамоми муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо таҷҳизот ва барномаҳои махсус барои назорати вуруд/хуруҷ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҷҳизонида шудаанд.
Илова бар ин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми мазкур тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо якдигар пайваст шуда, низоми ягонаи идоракуниро ташкил медиҳанд. Ин низом ба ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии таҳдидҳо, мубориза бо терроризм ва экстремизм ва инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки сатҳи хизматрасонии шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди шенгенӣ баробар мебошад.
Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як зумра дигаргуниҳо ворид карда шудаанд, ки ба содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Илова бар ин, ҳайати сарнишинони ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, метавонанд бидуни раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ шаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди «сармоягузорӣ» соддатар ва фасеҳ шудаанд.

P.S. Барои маълумоти бештар оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи интернетии www.visa.gov.tj муроҷиат намоед. Барои гирифтани раводиди электронӣ “Е-Visa” https://www.evisa.tj.

АМИТ «ХОВАР»

Tags: