Дар шаҳри Душанбе «Тозакунӣ» оғоз гардид

Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиёти муштараки «Тозакунӣ» идома дорад.
Тавре дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ғайриқонунӣ аз худ кардани замин ва ошкоркунии дигар ҳуқуқвайрокуниҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ситод ташкил гардидааст.
Зимни гузаронидани амалиёт ситод маълум намуд, ки дар бисёре аз хонаҳои истиқоматии баландошёнаю боҳашамат неруи барқ бемаҳдуд дар ҳаммом ва буғхонаҳо (сауна) бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода бурда шудааст. Ин ҳолатҳо боиси норасоии қувваи барқ ба аҳолӣ гаштааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни санҷишҳо ҳолатҳои зиёди бе қайди ҷои истиқомат зиндагӣ кардани шаҳрвандон, ғайриқонунӣ сокин шудани шаҳрвандон дар хонаҳои иҷора, вайрон намудани талаботи зиддисӯхторӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардида истодаанд.
ВКД минбаъд низ чунин амалиётро ба роҳ монда, шахсоне, ки талаботи меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вайрон кардаанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: