Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта, мешавад:
«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,
Аз хабари суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки боиси марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, андӯҳгин гаштам.
Ба тамоми мардуми дӯсти Қирғизистон вобаста ба ин фоҷиа тасаллияти амиқ изҳор намуда, ҳоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».