Дастгирӣ аз ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об»

Дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳ хабар доданд, дар кори он кормандони филиал ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаи инкишофи устувори низомҳои вобаста ба об дар шароити иқлими хушк, ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об» ва мушкилоти оби тоза баррасӣ шуданд.
Дар кори конфронс ғайр аз устодону олимон, инчунин донишҷӯён низ маърӯза карданд.
Аз ҷумла, донишҷӯи курси якуми ихтисоси «геология» Асадулло Хаитов дар бораи ҷонноккунии корҳо барои ҳалли масъалаи об маърӯза ва пешниҳодҳои муфид намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: