Пагоҳ дар Сирки давлатӣ «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад

31 январи соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон намоиши сиркӣ таҳти унвони «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад. 
Кӯдакон ва наврасонро барномаи шавқовару гуногунжанри сиркӣ, ба мисли гимнастҳо дар ҳалқа, гимнастҳо дар глобус, кордбозҳо, масхарабозон ва намоишҳо бо ҳайвонҳои хонагӣ интизоранд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар барнома ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон маҳорату истеъдоди нодири худро намоиш медиҳанд.
Барномаи «Афсонаи солинавӣ» то 22 январи соли 2017 дар Сирки давлатии Тоҷикистон идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: