Дастовардҳои нақлиётчиёни кишвар дар соли 2016: қариб 100 км роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуданд

Дар соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон наздик ба 100 км роҳи автомобилгард, 13 пули мошингард, 40,7 км хатти роҳи оҳан, 3,7 км нақби роҳи оҳан ва 5 пули роҳи оҳан ба истифода дода шуданд.
Соли 2016 барои нақлиётчиёни кишвар соли бобарор буд. Дар мамлакат сохтмони як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла барқарорсозии роҳи Восеъ Ховалинг бо масофаи 88 км, сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), ки дарозиаш 40,7 км-ро ташкил медиҳад, инчунин барқароркунии 10,5 км роҳи Рашт Навобод ва пул аз болои дарёи Сорбоғ анҷом ёфт. Ҳамзамон сохтмони қитъаи мушкилгузари роҳи Кӯлоб Қалъаи хумб, қисмати Шӯрообод- Шоҳон ба анҷом хоҳад расид.
Инчунин бо мақсади таъмири роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Барқарорсозии 30 км чунин роҳҳо дар Восеъ ва Ховалинг ва 60 км дар Айниву Панҷакент аз ҳамин қабил аст. Нақлиётчиёни кишвар дар бахши хидматгузории соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҳам ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд. Алҳол дар кишвар 244 коргоҳи нақлиёти автомобилӣ, 64 терминали мусофирбариву боркашонӣ дар 817 хатсайр дар хидмати мардум қарор дошта, сатҳи хизматрасонӣ ҳам торафт беҳтар мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: