Дар Душанбе ҷаласаи ниҳоии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ниҳоии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода баргузор гардид.
дар ҷаласа натиҷаи Конфронси вазирони Осиё оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки аз 2 то 5 ноябри соли равон дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гашта буд, шунида шуд.
Инчунин иштирокчиён дар бораи татбиқи лоиҳаҳои байни кумита ва Барномаи Рушди СММ, ки бо дастгирии молиявии Фонди Федератсияи Россия, Ҷопон ва Швейтсария ба имзо расида буд, инчунин дар бораи маълумот оид ба лоиҳаи бехатарии озуқаворӣ ва амният дар ҷараёни татбиқии DIPECHO-9 маълумот гирифтанд.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2017-2030» баррасӣ гашт.
Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офтаҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 ҳамчун мақомоти машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода қабул шудааст.
Дар ҷаласа аъзои платформаи миллӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: