Беш аз 9000 корманди корхонаву муассисаҳо дар Ёвон дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд

Дар ноҳияи Ёвон оид ба сари вақт беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ҳашар ташкил шуд, ки дар он беш аз 9000 нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ба саҳро баромада, зиёда аз 460 тонна “тиллои сафед” ҷамъ оварданд. 

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза қариб панҷ ҳазор пахтачину ҳашарчӣ ба майдон баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кумак мерасонанд.

Роҳбарияти  ноҳия бо ҳолати имрӯзаи  пахтазор шинос шуда, изҳор намуданд, ки бо истифода аз ҳама шароиту имконият ва нерую иродаи кишоварзони матиниродаи ноҳия талош менамоянд, ки нақшаи пахтасупорӣ имсол сари вақт иҷро гардад.

Tags: