Нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави «Иқболшиносӣ»-ро аз чоп баровард.
Тавре ки аз Академияи илмҳо хабар доданд, дар маҷмӯа мақолаҳои тозаи ба рӯзгору осори адиб, муҳаққиқ ва мутафаккири барҷастаи Шарқ аллома Муҳаммад Иқбол бахшидаи адабиётшиносон ва шарқшиносони тоҷик, ба монанди Кароматулло Олимов, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Шарафнисо Пӯлодова, Идибек Зиёзода, Умеда Ғаффорова, Ҳабибулло Раҷабов, Майрамбӣ Нурова, Замира Ғаффорова, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон гирд омадаанд. Ин асарҳо баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар заминаи нашрҳои арзишманди «Куллиёти форсӣ» ва осори дигари ба забони модарияш-урду эҷодкардаи суханвар навишта шудаанд.
Ба китоб Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро бо номи «Муҳаммад Иқбол чеҳраи тобони адабу фарҳанги Шарқ» пешгуфтор навишта, аз ҷумла таъкид менамояд, ки: « …маҷмӯаи нави ба дасти хонандаи тоҷик расида идомаи иқболшиносӣ дар кишвари зебоманзару маърифатпарвари Тоҷикистон буда, дар он мақолаҳои хуби муҳаққиқони тоҷик гирд омадаанд. Ин мақолаҳо метавонанд иқболшиносиро ба таври умум ҳам дар Покистон, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон пурратар намоянд».
Маҷмӯаро донишманди тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ мураттаб сохтааст, ки он дар иқболшиносии тоҷик барои шинохти шахсияти эҷодкори асил ва мероси гаронмояи адабию илмии ӯ қадами ҷиддӣ ба шумор меравад.
АМИТ «Ховар»