Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ кумак расонида шуд

8 июл кумаки аввалини сокинони шаҳри Истаравшан ба зарардидагони офати табиии деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ расонида шуд.  

28 июл дар ҳудуди ноҳияи баландкӯҳи ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳравҳо ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ хисорот расонид.

Бинобар ин, дар асоси дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони шаҳри Истаравшан ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Лангар кумаки аввалини иборат аз маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, биринҷ, макарон, картошка, сабзӣ ва ғайра расонида шуд.

 

Tags: