12 июл таҳти раёсати Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум ва муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Сипас оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.
Вакилон масъалаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр баҳри таъмини босифат ва иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷињати пурзўр намудани назорат дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, хизматрасониҳои коммуналӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти мавқуф гузоштан ё тул кашидани корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вакилон дар идома, ҷараёни амалишавии «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанберо муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Раиси шаҳри Душанбе дар ин робита ба муовини якум, муовинони Раис, раисони ноҳияҳои пойтахт супориш доданд, ки бо мақсади таъмини босифат ва иҷрои саривақтии «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе тадбирҳо андешида, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самти пайдо ва муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои лоиҷаҷои афзалиатнок дар доираи барномаи мазкур дар самтҳои маорифу тандурустӣ, обу корезӣ, барқу гармидиҳӣ ва роҳу нақлиёт тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Дар идома вакилон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба он муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифат амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ, ба роҳ мондани назорат аз рўи фаъолияти фармоишгарону пудратчиён дар иншоотҳо ва риояи қоидаҳои қабули онҳо, инчунин доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, оид ба таъмини амнияти санитариву экологӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани сӯхтор, таъмин намудани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, иваз намудани хатҳои муҳандисии куҳнаю фарсудагаштаи обу корезӣ ва гармидиҳӣ ва ҷалб намудани сармояи мустақим ҷиҳати таҷдид намудани инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла дар ҳудудҳои ба шаҳри Душанбе воридгашта, чораҳои амалӣ андешанд.
Раиси шаҳр ҳамчунин баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои соҳавӣ, таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоии пойтахт, бахусус соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону оила, ҷавонону варзиш, сайёҳӣ, робита бо ҷомеа ба роҳ мондани вохӯриву мулоқот дар шаҳраку маҳаллаҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби иҷтимоӣ, бахусус ҷудошавии оилаҳо, фарҳанги бегонапарастӣ, гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риоя ва таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба масъулини самти саноат дастур дода шуд, ки бо инобати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар оид ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ва воридотивазкунанда, инчунин афзоиши иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки барои омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, махсусан ҳарчи зудтар тақвият бахшидани корҳои пайвасткунии бинову иншоотҳои иловагӣ ба шабакаҳои гармидиҳанда ва захира намудани маҳсулотҳои ниёзӣ аввалия баҳри фаровонии онҷо дар бозорҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои оворагардӣ, талбандагӣ, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор чораҳои қатъӣ андешанд.
Инчунин барои дар сатҳи сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву ободонӣ ва дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баҳри фароғати сокинону меҳмонон дастурҳо доданд.
Дар идомаи маҷлис, вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами №66-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати софдилона баҳри бозҳам рушду нумуи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе даъват карда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.