ТВТ. 17.10.2022. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар маҳалли хушбоду ҳавои соҳили “Кули ҷавонон” қомат афрохтааст, ба хотири ба мизоҷон расондани хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳод кардани таъомҳои наву гуногуни болаззат бо бренди ширкати машҳури бразилиягӣ, сохта шудааст.
Соҳибкорони ватандӯст дар баробари бунёди иншооти муосири маишию хизматрасонӣ ба масъалаи таъсис ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Дар тарабхона 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими гармо 10 нафар пешхизмат ба шуғли муваққатӣ фаро гирифта мешавад.
Дар қисмати дарунӣ ва берунии тарабхона дар маҷмуъ барои дар як вақт ба 250 нафар хизмат расондан, ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Тарабхона аз дигар марказҳои маишию хизматрасонӣ бо тарҳи нодир ва тарзи нави пешниҳоди сихкабобҳову хуришҳои гуногун фарқ мекунад. Ороиши зебои толори бино, истифодаи ашёҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусиқии форам иқлими гарми кишвари бразилияро бозгӯ аст.
Иншоот бо лоиҳаи “франшиза”, яъне дар асоси шартнома истифода бурдани бренди машҳури хориҷӣ ва технологияи он бунёд гардидааст. Барои пеш бурдани кори тарабхона ва пухтани таъомҳои гуногун шаҳрванди кишвари Бразилия ҷалб гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ошпазҳо ва кадбонуҳои тоҷик ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар тарабхонаи "Латино-Душанбе, ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ нахустин мебошад, 110 намуд хурок тайёр ва ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.
Атрофи тарабхона барои ҷалби ҳар чӣ бештари меҳмонони дохилӣ ва назаррабо гардонидан бо дарахтони нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар оварда шудааст, оро ёфтааст.
Дар фасли гармо имкон аст, ки дар ҳудуди тарабхона ва лаби соҳили кул зери чатрҳои сафед ба меҳмонон таомҳои лазиз ва дигар хизматрасониҳо пешкаш гардад.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир ва дар ҳолати афзоиши шумораи сайёҳону меҳмонони пойтахт, фаъолияти чунин иншооти муосир ба талабот ҷавобгӯ хоҳад буд. Ин як навъ муаррифии сатҳи баланди меҳмоннавозии бою қадимаи тоҷикона аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхона ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати обод кардани як гушаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.
Маросими ифтитоҳи расмии тарабхонаи бразилягии "Латино -Душанбе" рӯзи 22 октябр бо доир кардани шоу-барномаи рангини бразилиягӣ, баргузор мегардад.
Манбаъ: president.tj