«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Пагоҳ дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил мешавад

ТВТ.14.10.2020. 15-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот  ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода.

Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода шуда, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз кишоварзони фаъоли  мамлакат, ки соли равон  нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд,  бо  туҳфаҳои молию пулӣ ва «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар ин ҷашн  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, он  мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:  «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Дар ҷашни Меҳргон мардум либоси нав ба бар намуда, шодию хурсандӣ менамоянд. Инчунин аз ин ҳама неъмате, ки марди деҳқон бо ранҷ  мепарвараду амнияти озуқавориро таъмин мекунад, шукр мекунанд.

Султонмуроди Одина, ки муаллифи асарҳои зиёди адабӣ, таърихӣ ва публитсистист, оид ба Меҳргон бо меҳр чунин гуфтааст:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: