Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро шадидан маҳкум кард

ТВТ.21.09.2022. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард.

«16 сентябри соли 2022 дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б.Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот дод. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти мазкурро шадидан маҳкум мекунад», — омадааст дар изҳороти вазорат.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки изҳороти Б.Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад.

Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: