ТВТ.14.09.2022. 19-20 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон: -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон: 57кг ва -63 кг баргузор мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 40 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Мавриди ёдоварист, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ +90кг) ва солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд. Солҳои 2018, 2019 ва 2021 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд. Соли 2020 мусобиқа бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.
Хотиррасон мекунем, ки мусобиқаи мазкур бори ҳаштум баргузор шуд. Дар он 133 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ширкат карда, дар 4 вазн (-66кг, -81кг, -90кг, +90кг) миёни ҳам қувва озмуданд.
Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни то 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гӯштингири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.
Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.
Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.
Бояд зикр кард, ки 5 октябри соли 2017 дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия, Олмон, Непал, Ҷопон, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов, Акмалиддин Муродов, Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ карданд. Аз байни ин паҳлавонони маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шаванд.
Хотиррасон менамоем, ки 5 октябри соли 2018 дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ паҳлавонон барои соҳиб шудан ба Ҷоми Президенти Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд. Ин мусобиқа аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардон доир гардид. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон дар ҳайати калон ширкат ва рақобат карданд.
Ҳамин тариқ, дар вазнҳои -60-66- ва – 90 паҳлавонони узбекистонӣ, дар вазни- 73 кг варзишгари тоҷик Фарҳод Раҳматуллобеков, дар вазни -81 паҳлавони шинохтаи тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни -100 яке аз варзишгарони номдори тоҷик Саидҷалол Саидов ва дар вазни ҷамъи 100 варзишгари дигари маъруфи тоҷик Темур Раҳимов сазовори медали тилло ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо гардиданд.
Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ шуданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибони Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 10 000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ туҳфа кард.
Ёдовар мешавем, ки аз 2 то 5 октябри соли 2019 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг сурат гирифт. Дар мусобиқа беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа, дар 4 вазн варзишгарони Узбекистон ва дар 3 вазн варзишгарони Тоҷикистон пирӯз шуданд. Дар умум, варзишгарони мо сазовори 17 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ гардиданд.
Варзишгарони Узбекистон 10 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ, дастаи Қазоқистон 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 10000 сомонӣ, ҷои дуюм — 5000 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 2500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз 3 то 5 октябри соли 2021 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд,
Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90 ва +90кг сурат гирифта, бо пирӯзии паҳлавонони шинохтаи тоҷик – Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов хотима ёфтанд. Комроншоҳ Устопириён (-90кг) рақобатро аз даври дуюм ба муқобили варзишгари Қазоқистон – Сергей ПАК оғоз кард. Рақобати ин ду варзишгар то вақти иловагӣ тӯл кашида, ниҳоят Комроншоҳ бо иҷрои усули «отоси» ҳарифро мағлуб кард. Дар сонияҳои охири даври чорякниҳоӣ бо иҷрои зиддиусул Муин Орифовро (Тоҷикистон) шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Комроншоҳ дар даври нимниҳоӣ – варзишгари Узбекистон – Азизбек Авазмуродов бо дарёфти се «шидо» мағлуб дониста шуд.
Дар рақобати шадид барои дарёфти Ҷоми мусобиқа Комроншоҳи Устопириён бо паҳлавони ботаҷрибаи узбек – Шермуҳаммад Ҷандреев қувва санҷид. Дар вақти асосии рақобат ҳеҷ кадом ғолиб наомада, танҳо дутоӣ танбеҳ гирифтанд. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ рақиби Комроншоҳ бо дарёфти сеюмин танбеҳ имкони касби медалҳои тиллои мусобиқаро аз даст дод. Ҳамин тариқ, паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ғолиби Ҷоми Президент дар вазни -90кг гардид.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +90кг, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Давлатҷон Назриев аз Тоҷикистон дастболо шуд. Дар чорякниҳоӣ варзишгари Беларус Богдан Войтсикро мағлуб кард. Дар даври нимниҳоӣ варзишгари Узбекистон Шоҳруххон Бахтиёровро бо иҷрои зиддиусул шикаст дода, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Дар финал Темур Раҳимов бо варзишгари Русия Антон Брачев рақобат намуд. Пас аз ҳамлаҳои пай дар пай Темур ниҳоят ҳарифро бо иҷрои «осото гари» ба замин зада, тавонист ӯро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дорад ва ғолиби рақобати ҳалкунанда шавад.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи 8-уми Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо:
-66кг
1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (UZB)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (TJK)
3. Ориф ДОДОВ (TJK)
3. Абубакр БОҚИЕВ (TJK)
-81кг
1. Умар РАСУЛОВ (TJK)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)
3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)
3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)
-90кг
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (TJK)
2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (UZB)
3. Исроил РАҲИМОВ (TJK)
3. Достон МЕЙЛИЕВ (UZB)
+90кг
1. Темур РАҲИМОВ (TJK)
2. Антон БРАЧЕВ (RUS)
3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (UZB)
3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (UZB)
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо мукофотпулӣ қадр карда шуданд. Ба ғолибони ҷои аввали мусобиқа 30 000 сомонӣ, ҳамчунин ҷом, ба барандагони медали нуқра 10 000 сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 5000 сомонӣ супорида шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»