ТВТ.06.09.2022. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон Эмомалии Нуралӣ калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон иштирок карда, медали тиллоро соҳиб гашт ва Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфтанд.
Хотиррасон менамоем, ки аз 7 то 12 август дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.
Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муарриф ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
Манбаъ: dushanbe.tj