Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду нумўи санъати рақсии тоҷик барои қабули духтарони боистеъдод ба ҳайати ансамбли рақсии «Гулрез» Озмун эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН

1. Духтарони дорои  майл ва қобилияти хуби  рақскунӣ;
2. Шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавӣ;
3. Иҷроиши як рақс дар мавзўи озод;
4. Дар озмун духтарони аз синни 14 то 25 сола иштирок карда метавонанд.

БА ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:

1. Ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
2. Варақаи шахсӣ бо 2 дона расми рангаи 4х6;
3. Тарҷумаи ҳол;
4. Нусхаи шиноснома;
5. Нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;

Довталабоне, ки аз даври якум мегузаранд, барои омўзиши рақси миллӣ роҳ дода мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳамарўза аз соати 8:00 то 17:00  (ба ғайр аз рўзи якшанбе) бо нишонии ш. Душанбе, кўчаи Шероз 31, ба раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Озмун рўзи 1-уми октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешавад.

Телефонҳо барои тамос:

227-97-26
227-65-69

Tags: