ТВТ.17.08.2022. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.
Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
Манбаъ: prezident.tj