ТВТ.15.08.2022. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 61 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора ба Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зимни боздид аз минтақаи мазкур иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи мазкур, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд.
Зимни боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз ҷониби З. Завқизода ба масъулин ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави кор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз оғози фаъолият дар минтақа 431 ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 59-тои он дар 6 моҳи соли равон таъсис дода шудааст. Маҳсулоти конструксияи металлии корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла дар манораи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, бинои баландошёнаи Хадамоти алоқа ва сохтмони пулҳо истифода шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»