ТВТ.11.08.2022. Мақомоти Узбекистон ба ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни Бухоро ва Душанбе ҳавасманданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар ҷаласаи 29-уми Сенати Олий Маҷлиси Узбекистон таъкид шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи болоии парлумони Узбекистон, соли 2021 ба вилояти Бухоро қариб 49 ҳазор нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 65 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд. Давоми якуним соли охир ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои маданию маишӣ ва савдо аз 2 триллион сӯм гузашт.
Бо вуҷуди ин дар соҳа ҳанӯз камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷаласа зарурати ифтитоҳи хатсайрҳои нав бо истифода аз реҷаи «фазои боз», ки дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро ҷорӣ шудааст, аз ҷумла ба роҳ мондани хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ба Бухоро аз Дубай, Ҷакарта, Куала-Лумпур, Лоҳур ва Душанбе, инчунин фароҳам овардани шароит барои иқомат, хизматрасонӣ ба ашхоси маъюб ва афзоиши хатсайрҳои сайёҳӣ таъкид шуд.
Дар анҷоми муҳокима қарорҳои дахлдори Сенат доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қабул гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»