Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳҳои дастовардҳои сокинони Истаравшан боздид намуданд

ТВТ.10.08.2022. Пас аз ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассиса аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаи маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин ҷо маҳсули ҳунарҳои дастии кордсозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолгарии бадеӣ, сафолкорӣ, аҷубасозӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, созтарошӣ, чармгарӣ, кундалкашӣ, наққошӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ, оҳангарӣ бо намуду андозҳои гуногун муаррифӣ гардид. 

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 60 навъи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, мевагиҳо, полезӣ, сабзавот, кабудиҳо ва намудҳои гуногуни хушкмева ба маъраз гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар намоишгоҳи кишоварзӣ, асосан навъҳои маҳсулоте, ки парваришаш танҳо дар минтақаи Истаравшан ва атрофи он ба роҳ монда мешавад, пешкаш гардид.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: