ТВТ.10.08.2022. Дар Самарқанд бо иштироки ҳунармандони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Дунё».
Бино ба иттилои Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, давоми як моҳ ҳайкалтарошони ҳирфаӣ ва устодони соҳаи пластика аз маводи сахт – мармар, металл, санг ва гилбуттаи пухта асарҳо эҷод мекунанд.
Симпозиум аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилояти Самарқанд дар доираи омодагӣ ба Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябр дар Самарқанд доир мешавад, ташкил шудааст.
Дар анҷоми симпозиум асарҳои ҳайкалтарошони кишварҳои СҲШ ба созмондиҳандагон барои насб дар боғҳою гулгаштҳои шаҳр ва ҳамчунин дар ҳудуди “Майдони осорхонаҳо”-и Самарқанд, ки 7 осорхонаро дар бар мегирад, ройгон тақдим карда мешаванд. Ҳамчунин нашри феҳристи ин асарҳо дар назар аст.
Бояд гуфт, ки созмондиҳандагон хоҳиши худро барои табдил додани Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ ба форуми анъанавӣ ва доимии ходимони санъати кишварҳои узви СҲШ изҳор доштанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»