ТВТ. 30.06.2022. Дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 28 июн мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири инфрасохтор ва хоҷагии оби Нидерланд Марк Харберс баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода шомил мебошанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе) ва омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи обро, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»