ТВТ.30.06.2022. 29-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат Гурбангулӣ Бердимухамедовро ба муносибати солгарди ҷашнии зодрӯз – 65-солагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, ояндаи рушди босамари онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми бародар мавриди таъкид қарор гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо ишора ба фарогир будани ин раванд ба саҳми арзандаи Гурбангулӣ Бердимухамедов дар таҳкими равобити гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд доданд.
Дар ин замина, идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳҳои гуногун ҳамзамон андешидани чораҳои муштарак ба мақсади тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар гарави муваффақият дар ин ҷода дониста шуд.
Манбаъ: prezident.tj