Дар Душанбе ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид

ТВТ.29.06.2022. 28-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 тасдиқ шудаанд, баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки дар кори ҷаласа сарпарастони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ – аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони кумитаю идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур ислоҳот идома дорад.

Ҳамчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода оид ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  зикр  кард, ки бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ, навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд. Дар соли 2021 ва давоми соли равон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ, навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», қарорҳои ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ», «Дар бораи номгӯи касбҳои ҳунармандӣ», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор доранд. Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» дар таҳрири нав, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таснифоти миллии тахассусҳо», «Дар бораи тасдиқи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб» ва «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо» таҳия карда шуда, айни замон дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 литсейи касбии техникӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар ноҳияи Рӯшон, дар 47 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият карда истодаанд, ки аз рӯйи 14 самт (иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) ва 120 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: