Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад

ТВТ.21.06.2022. То 17 июни соли равон дар ҷумҳурӣ аз майдони 75 ҳазору 980 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Миқдори ҷамъовари гардидани ғалладонагӣ 275 ҳазору 702 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ, соли равон майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар ҷумҳурӣ 289 ҳазору 823 гектаро ташкил медиҳад. Аз шумораи заминҳои киштшудаи ғалладонагӣ ба ВМКБ 4083 гектар, вилояти Суғд 101923 гектар, вилояти Хатлон 133769 гектар ва ба НТҶ 49523 гектар рост меояд.

Ба ҳолати зикргардида, майдони даравшудаи вилояти Суғд 11449 гектар, вилояти Хатлон 55195 48114 гектар ва НТҶ 9336 гектарро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 39 сентнер буда, дар вилояти Суғд 30,3 сентнер, вилояти Хатлон 41,3 сентнер ва НТҶ 31 сентнерро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки гандум яке аз зироати зарурӣ барои сокинони Тоҷикистон мебошад. Орди аз он ҳосилмешуда серистеъмолтарин ғизо дар хонадони мардуми мост.

Ёддовар мешавем, ки 17 июн зимни сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо дар Хоҷаги деҳқонии «Сангалӣ Гулмурод»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шинос шуданд.

Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маводи ғизои дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захира кардани маводи ғизои барои ду соли оянда вазифадор намуданд.

Кишоварзони ноҳия иброз доштаанд, ки ҳосили хуби ғалладонагиро аз ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агратехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда, ба даст овардаанд.

Тавре сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Музаффар Азизов иброз дошт, имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ босуръат идома дорад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ин зироат 903 адад комбайнҳо ба кор машғуланд. Ҳамчунин иброз гардид, ки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ ситоди махсус ташкил карда шудааст, ки ба кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷашон кумак мерасонад.

Маълум, ки ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд. Аз ин рӯ, вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

Ба гуфтаи ҳамcуҳбати мо, «вилояти Хатлон миёни минтақаҳои мамлакат барои парвариш намудани маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили гандум созгор мебошад. Инчунин дар ин шабу рӯз ин вилоят дар ҷамъовари ғалла пешсаф мебошад».

Дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъоварии ғалладонагиҳо аз моҳи август оғоз меёбад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: