Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

ТВТ.21.06.2022. Дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022», ки 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид,  60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд.

Дар доираи ярмарка ҷонибҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкорӣ  як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Аз ҷумла, миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда  Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон 60 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: