Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд

ТВТ. 15.06.2022. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Туреханов Валихан, Қирғизистон Абдилдаев Эрлан, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Маҷористон, Испания, Индонезия, Таиланд, Марокаш, Бразилия ва Доминикан, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки кишварҳои мо оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кушишҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Сарвари давлат аз ҷонибдории доимии кишварҳои хориҷ аз иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои доғи рӯз изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим талошҳои пайваста меварзад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: