Хатсайри Истанбул-Душанбе-Истанбул фаъол гардид

Аз сабаби ҷой доштани норасоии техникӣ (VOR/DME) дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва шароити номусоиди ҳавои минтақа рӯзҳои охир дар хатсайрҳои «Истанбул-Душанбе-Истанбул» -и Ширкати ҳавопаймоии туркӣ (Turkish Airlines) аз 25 ноябр боздошти муваққатӣ ба миён омада буд.
Тавре ки аз ширкати хавопаймоии «Турк Ҳаво Йоллари» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи музокирот бо мақомоти Сарраёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон тамоми мушкилоте, ки ба бехатарии парвоз таъсир расонида метавонистанд, бартараф карда, ба ширкати туркӣ роҳҳои алтернативӣ пешниҳод шуданд.
Шурӯъ аз 2 декабр бо мусоид шудани ҳаво ва техникаи алтернативӣ ширкати туркӣ парвозҳоро ба самти Истанбул-Душанбе-Истанбул фаъол намуд.
Ширкати ҳавопаймоии туркӣ (Turkish Airlines ), ки ба бехатарии парвоз ва мусофирон диққати аввалиндараҷа медиҳад, барои нороҳатӣ аз мусофиронаш маъзарат хоста, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки хатсайрҳо аз ин пас тибқи нақшаи пешгирифта ба роҳ монда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: