Тоҷикистон нақша дорад истеҳсоли равғани растаниро беш аз 57 фоиз зиёд намояд

ТВТ 01.06.2022. Тоҷикистон дар се соли оянда нақша дорад истеҳсоли равғани растаниро беш аз 57% афзоиш дода, воридоти ин маҳсулотро 2,1% коҳиш диҳад, чунин бармеояд аз Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024.

Тибқи ин санад, то соли 2024 ҳаҷми воридоти равғани растанӣ ва чарбу то 94 ҳазор тонна коҳиш меёбад. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ дар назар аст истеҳсоли равған, асосан равғани пахта зиёд карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба мавзӯи таъмини амнияти озуқаворӣ рӯ оварда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буданд, ки ҳаҷми истеҳсол, харид, омодакунӣ ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, маҳсулоти зарурӣ, аз қабили орд, равған ва сабзавот зиёд карда шавад.

Аз ҷумла, ду сол қабл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон масоили марбут ба иҷрои босифат ва саривақтии барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуда буд. Яке аз мавзӯъҳои асосии баррасӣ дар ин нишаст истеҳсоли орд ва равғани растанӣ дар кишвар буд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 52 корхонаи хурду калони истеҳсоли равғани растанӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола ҳудуди 80 ҳазор тонна маҳсулоти дахлдор истеҳсол мекунанд. Агар истеҳсоли пахтаро дар кишвар дар ҳаҷми 400 ҳазор тонна ба ҳисоб гирем, пас бо пурра тоза кардани он дар дохили ҷумҳурӣ соле 60 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан имконпазир мегардад. Ба ғайр аз пахта инчунин имкон аст аз офтобпараст, маъсар, зағир ва дигар растаниҳо низ равған гиранд.

Истеҳсоли равған, бино ба пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар се сол бояд аз 27,3 ҳазор тоннаи соли ҷорӣ ба 43 ҳазор тонна дар соли 2024 афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи иқтисодшиносон, бо назардошти меъёри истеъмоли 16,6 кг барои як нафар дар як сол, бо назардошти афзоиши аҳолӣ эҳтиёҷ ба равған низ аз 160,8 ҳазор тоннаи имсола то ба 170,6 ҳазор тонна дар соли 2024 мерасад, ки беш аз 6% мебошад.

Нархи 1 литр равғани пахта дар Тоҷикистон 23-33 сомонӣ ва равғани офтобпараст 24-35 сомонӣ аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: