Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд

ТВТ. 30.05.2022. 30 май дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ давоми 30 соли робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, таъмини татбиқи амалии онҳоро зарур шумурданд.

Дар мулоқот вазъи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дар дигар арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн муҳокима гардид.

Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олии имрӯза ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳарду кишвар номида шуд.

Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани растанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус сайёҳати тандурустӣ табодули андеша карданд.

 

Манбаъ: prezident.tj

Tags: