Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

ТВТ. 18.05.2022. 16-уми май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ раванди татбиқ ва чорабиниҳои амалишудаи лоиҳаи мазкур давоми соли 2022 ва нақшаи кории марҳилаи навбатӣ барои то давраи анҷоми муҳлати он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбари ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ Ҷеймс Брайант Колиер аз раванди татбиқи лоиҳа изҳори ризоият намуда, гуфт, ки новобаста ба баъзе мушкилоти маблағгузорӣ кумита ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Раиси Кумита Б. Шерализода зимни баёни андеша оид ба беҳтар намудани натиҷаҳои лоиҳа ва самаранок истифода намудани маблағҳои пешбинишуда якчанд таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: